35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ба истифода дода мешавад

Июнь 24, 2023 10:55

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таъмиру навсозии 179 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, айни ҳол 41 бинои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Ҳоло дар ноҳия сохтмони 61 иншооти ҷашнӣ идома дошта, соли равон ба истифода додани 40-тои он ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, имсол, дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллии Истиқлоли давлатӣ дар асоси дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосӣ, бинои таълимии рақами як ва ошхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Айни ҳол дар корҳои сохтмонӣ беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии сохтмону меъморӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.

Бинои асосии донишгоҳ аз 4 иншоот иборат буда, барои 900 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Ин бино аз 71 синфхона, 255 ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат буда, барои истифодаи кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронс, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ нигаронида шудааст.

Дар Донишгоҳ ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо 1200 ҷойи нишаст, китобхона, толори электронии китобхонӣ бо 80 ҷой, таҳхона барои нигаҳдории китоб, ошхона бо 300 ҷой нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта мешавад.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” ва пудратчии асосӣ ҶСК “СТС иншоот” мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз соли 2016 фаъолият дорад ва дар он айни ҳол 2250 донишҷӯ дар 3 факултет таҳсил доранд. Баъди бунёди ҳамаи биноҳои донишгоҳ ва таъсиси кампус дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои таҳсили бештар аз 5000 нафар донишҷў шароит фароҳам оварда мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки 17 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд. Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат бо 800 ҷойи хоб иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти нав ҷиҳати истиқомат, дарстаёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисоси соҳа таъсис дода шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2023 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд