Ҳамарӯза даҳҳо тонна пиёз ва картошка вориди бозорҳои Тоҷикистон мешавад
ДУШАНБЕ, 03.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бахшҳои аҳолии ноҳияи Панҷ ҷамъоварии пиёз ва картошка босуръат идома дошта, ҳамарӯза даҳҳо тоннаи ин маҳсулот вориди бозорҳои мамлакат гардонида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Тибқи нақшаи ин мавсим, кишоварзони ноҳияи Панҷ дар масоҳати 985 гектар картошка, 440 гектар пиёз, 760 гектар сабзавот, 350 гектар полезӣ кишт намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки имрўзҳо хоҷагидорони ноҳияи Шаҳритус низ ба ҷамъоварии картошкаву пиёз машғул буда, аллакай аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба хориҷи мамлакат 360 тонна пиёзи барвақтӣ содирот карда шудааст.
Ҳамзамон тавре дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 30 май дар майдони 33 621 гектар картошка кишт карда шудааст. Майдони ҷамъоваришуда 2586 гектарро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






