АРМУҒОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Китобҳои нависанда, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ бознашр гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои нависанда, рӯзноманигор ва коргардони боистеъдоди тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои ин нависандаи хушбаён бознашр гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Китобҳои «Чашми саҳар», «Гунҷишки сафед», «Аз ёдҳо, аз ёдҳо», «Ситораҳои сари танӯр», «Падруду пайғом», «Васвасаҳои зикривайҳ» ва «Доғҳои офтоб», ки солҳои гузашта ба нашр расида буданд, бо назардошти хонандаи зиёд доштанашон барои насли ҷавони замони Истиқлол аз нав чоп карда шуданд.
Бояд гуфт, ки аксари қиссаву ҳикояҳо инъикосгари рӯзгори мардуми заҳматкаши кӯҳистон буда, симои қаҳрамонҳои асар воқеӣ ба қалам дода шудааст ва яке аз хусусияти ҷолиби осори Сайф Раҳимзоди Афардӣ низ ҳамин аст.
Нашри китобҳои мазкур барои алоқамандони адабиёт туҳфаи арзишманд буда, барои пос доштани хотири яке шахсиятҳои барҷастаи миллат — Сайф Раҳимзоди Афардӣ амали неку мондагор мебошад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид






