Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Донишгоҳи Бредаи Нидерланд Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 2, 2023 17:29

ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бредаи Нидерланд байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Донишгоҳи Бредаи Нидерланд Созишномаи ҳусни тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Санади мазкурро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Академияи сайёҳии Донишгоҳи Бреда Перри Ҳобсон имзо намуданд.

Баъди имзои созишнома ҷонибҳо мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, ташкили таҷрибаомӯзии илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ва меҳмондории Академия дар Тоҷикистон, баргузор намудани конфронсу ҳамоишҳои муштараки илмӣ, ташкили машғулияти маҷозии профессоронро баррасӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкории ҷонибҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда амалӣ мегардад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Июнь 2, 2023 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид