БО «ХОВАР» ВА БОХАБАР! Имрӯз аз таъсиси Радиои «Ховар» 12 сол сипарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 июн аз таъсиси Радиои «FM Ховар» 12 сол сипарӣ гардид. Дар ҳамин рӯзи соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Радиои FM Ховар» таъсис дода шуд.
Радиои «FM Ховар» чун шабакаи давлатӣ асосан дар формати иттилоотӣ — мусиқӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми 24 соат дар як шабонарӯз барномаҳо пахш менамояд.
Дар айни замон Радиои «FM Ховар» дар шаҳри Душанбе ва атрофи он рӯйи мавҷи 101,5 FM, вилояти Хатлон (шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи атрофи он ) рӯйи мавҷи 100,5 FM ва вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд ва ноҳияиҳои атрофи он) рӯйи мавҷи 91,5 FM пахш мегардад.
Фарқияти формати Радио «FM Ховар» аз дигар радиоҳои мамлакат дар он аст, ки он иттилоотӣ буда, дар як шабонарӯз бештар аз 40 нашри ахборро бо фарогирии гузоришҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод менамояд.
Дар ин радиф барномаҳои таҳлилӣ бо ҷанбаи иттилоотӣ низ таҳия мегарданд. Инчунин бо мақсади таъмини фароғати шунавандаҳо дар баробари суруду оҳангҳо, ки ҳеҷ як радиоро бе онҳо тасаввур карда намешавад, якчанд барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ омода мегардад.
Аз ҷумла, аз оғози фаъолияти радио барномаҳои «Бозору харидор», «Тафсир», «Нигоҳе ба рӯйдодҳои ҳафта», «Ҳафт рӯзи олам», «Се дар як», «Шом омадаем», «Рози рӯз», «Мухлис», «Пайванд», «Муҳаббат», «Накҳати роз», «Меҳмони Ховар», «Толеънома», «Бизнесмен»(Тоҷир), «Суруди ҳафта», «Фараҳнӯш», «Чароғи шаб», «Сиришти зан», «Ҳамқадами Истиқлол», «Пайрави дониш», «Сеҳри рақамҳо», «Набзи иқтисод» ва чанде дигар бо бахшҳои гуногун пешниҳоди шунавандаҳо мегардид.
Баъдан дар радифи бахшҳои хабарӣ ва гузоришҳо ҳамчунин барномаҳои «Бозтоб», «Дармон», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Меҳмони Ховар», «Садои мондагор», «Оинаи адаб», «Дурдонаҳо аз гуфтори Президент», «Аз фармудаҳои бузургон» (Панду андарзи бузургон), «Гарде аз домани андешаҳо» («Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ, панду ҳикматҳо) ҳамарӯза мавриди таваҷҷуҳи шунавандаҳо қарор дода мешуд. Дар ин баробар роликҳои зиёде, ки васфи Ватан-модар, истиқлолу ваҳдати миллӣ, забони давлатӣ, ҷавонон, амнияту осудагии меҳан, ҳифзи дастовардҳои миллиро тарғиб мекунанд, дар фосилаи бахшҳои хабарӣ ва суруду оҳангҳо пахш мегарданд.
Дар айни замон дарбаробари барномаҳои «Хабар» ва гузоришҳои рӯзмарра ҳамчунин барномаҳои «Гуфтугӯ», «Мавқеъ», «Бозтоб», «Сарват», «Дармон», «Ҷаҳони андеша»,«Соярӯшан», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Раҳнамун», «Рӯҳафзо», «Тафсир», «Маслиҳатимутахассис», «Шарҳи коршинос», «Адиб ва замон», «Тақвими Ховар», «Ҳамқадами замон», «Ҷаҳони варзиш», «Аз фурӯғто фурӯғ», «Зан ва зиндагӣ», «Сафобахш» ва «Тозаэҷод» таҳия ва пешниҳоди шунавандаҳо мегарданд.
Инак, 12 сол аст, ки садои Радиои «FM Ховар» дар баробари дигар расонаҳо, фазои иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо бахшҳои хабарӣ ва барномаҳои ҷолибу рангин пур мекунад. Ҳайати гурӯҳи эҷодиро ҷавонони навкор ва чанд рӯзноманигори соҳибтаҷрибае, ки аз дигар радиоҳо ба ҳамкорӣ даъват гардида буданд, ташкил медоданд. Дар ин муддат рӯзноманигорони зиёде бо ин радио ҳамкорӣ карда, таҷрибаи касбии худро сайқал доданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд






