Дар Бағдод бар асари тӯфони регӣ тақрибан 500 нафар осеб бардошт

Июнь 6, 2023 15:03

ДУШАНБЕ, 06.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бағдодро тӯфони регӣ фаро гирифт. Махсусан сокинони маҳаллаҳои атрофи пойтахти Ироқ аз он азият мекашанд. Тақрибан 500 нафар барои гирифтани ёрии тиббӣ муроҷиат кардааст, иттилоъ медиҳад «МИР 24».

Дар маҳалҳои кушод тӯфон хеле шадидтар буд. Мақомоти маҳаллӣ ба сокинон тавсия додааст, ки аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд ва бе зарурат аз хона набароянд. Дар Бағдод ин аввалин тӯфони регӣ дар ин сол мебошад. Ин падида дар ин ҷо ғайримуқаррарӣ нест. Шаҳр аз биёбон бо як қатор заминҳои корам байни дарёҳои Тигр ва Фурот ҳифз карда мешавад.

Қаблан иттилоъ расида буд, ки дар Миср бар асари тӯфони регӣ чор нафар ҳалок ва 5 каси дигар осеб бардоштааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Shutterstock / FOTODOM

Июнь 6, 2023 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид