Дар Данғара доир ба нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ вохӯрӣ баргузор шуд

Июнь 10, 2023 08:42

ДУШАНБЕ, 10.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо хизматчиёни давлатӣ дар мавзӯи «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хизмати давлатӣ  хабар медиҳад.

Дар рафти вохӯрӣ иброз гардид, ки муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, суботи мамлакат, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ  намояндагони вазорату идораҳо, масъулини татбиқи Стратегияи мазкур сухан гуфта, вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мубориза бо экстремизму терроризм ва дар маҷмӯъ ҷиҳати пешгирии чунин хатарҳои муосир ва таъмини суботи доимӣ, ободонию созандагии мамлакат ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатли одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба  вуҷуд  овардани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти далатӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи мамлакат, сатҳи нокифояи маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи номатлуби шабакаҳои иҷтимоӣ, бетарафии  атрофиён ва амсоли инҳо мебошанд.

Дар чорабинӣ аз  ҳозирин даъват гардид, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии мамлакат бетараф набошанд ва роҳҳои амалисозии чунин иқдомот тавсия гардиданд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2023 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд