Дар Душанбе Форум оид ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 30.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 7 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи «Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ», инчунин семинари минтақавӣ оид ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ баргузор мегардад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо шарикии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC Partnership) ва Котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор карда мешаванд.
Интизор меравад, ки дар ин чорабиниҳо роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, шарикони рушд, мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, инчунин вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва бахши хусусӣ иштирок намоянд.
Дар Форум Нақшаи молиявии татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ, ки бо кумаки техникии Бонки Осиёгии рушд таҳия гардидааст, муаррифӣ мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






