Дар Душанбе густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Густариш додани ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ 21 июн зимни мулоқоти директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии мазкур хабар медиҳад.
Зимни мулоқот инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба рушду тавсеи ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои дар доираи санадҳои ҳамкории дуҷониба густариш додани он омодагии хешро изҳор намуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






