Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» баргузор шуд

Июнь 6, 2023 16:40

ДУШАНБЕ, 06.06.2023/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал /ФБНА/ Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» оғоз гардид, ки пагоҳ идома меёбад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар конфронс ҳайатҳои расмии давлатҳои муассиси ФБНА, аз ҷумла муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Аннагелдӣ Язмирадов, Мушовири Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев, инчунин коршиносон, олимон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар конфронси байналмилалӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки дар давоми се даҳсолаи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал корҳои зиёд ба анҷом расида, давлатҳои муассиси ФБНА ба дастовардҳои муайян ва назаррас ҳам муваффақ гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал барномаю лоиҳаҳои гуногун оид ба идора ва беҳтар намудани захираҳои обӣ дар минтақа, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии ҳавзаи баҳри Арал амалӣ гардонида шуданд.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки тибқи пешгўиҳо, то соли 2050 шумораи аҳолии минтақа афзоиш ёфта, ниёзмандиҳо ба об барои қонеъ гардонидани талаботи соҳаи иҷтимоӣ ва бахшҳои иқтисодиёт ба таври назаррас меафзояд.

«Тағйирёбии иқлим хатари ҷиддие ба бор оварда, боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши офатҳои табиии марбут ба об, аз ҷумла сел, обхезӣ ва хушксолӣ мегардад. Ҳамаи ин аз мо талаб мекунад, ки ҷидду ҷаҳди худро боз ҳам бештар муттаҳид намуда, барои ҳалли проблемаҳое, ки дар назди мо истодаанд, ба таври муштарак амал намоем. Мо умедворем, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва воҳидҳои сохтории он дар ин самт фаъолнокии худро идома медиҳанд. Осиёи Марказӣ як минтақаи дорои захираҳои кофии обу энергетика мебошад»,- илова кард Қоҳир Расулзода.

Ба андешаи Сарвазири Тоҷикистон, барои таъмини истифодаи оқилона ва самаранок ба Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамкории зичтар, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ, инчунин ниҳодҳои қавии минтақавӣ лозим аст.

«Мо итминон дорем, ки густариши ҳамкории обу энергетикӣ минтақаро бо миқдори кофии обу энергия таъмин хоҳад кард. То имрўз дар ин масъала пешравиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Тамоми чораҳоро андешидан лозим аст, ки ин раванд ба анҷоми мантиқии худ расонда шавад. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то роҳи ҳалли мутавозин ва барои ҳама қобили қабулро пайдо кунем, то ФБНА ба воқеияти имрӯза мувофиқат кунад ва ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав, ки минтақаҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ба таври муассир муқобилат намояд. Фаъолияти Фонд пурра ба манфиатҳои тамоми давлатҳои муассис мувофиқ аст», — таъкид кард Қоҳир Расулзода.

Таъкид шуд, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар давоми 30 сол тавонист як платформаи минтақавии муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти минтақавии марбут ба об ва муҳити зистро фароҳам оварад.


Фонди мазкур ба рушди сифатан нави муносибатҳои байнидавлатӣ дар минтақа тавассути таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва бидуни муноқиша ҳалли масъалаҳои мураккаби идоракунии об мусоидат мекунад.

Конфронс аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд созмон дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи конфронси байналмилалӣ ба баланд бардоштан ва тақвияти нақши Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчун як платформаи беназири ҳамкорӣ дар самти об ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ, инъикоси дастовардҳои фонди мазкур дар зарфи 30 сол ва таҳияи барномаҳо барои дурнамои он нигаронида шудааст.

Таъкид шуд, ки фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар тавсеаи ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳкими эътимоднокии давлатҳои минтақа мусоидат намуда, он сохтори ягонаест, ки барои муколламаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мегузорад. Инчунин Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар сатҳи байналмилали бо институтҳои молиявӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шарикони рушд ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд, ки он аз мақоми баланд доштани Фонди мазкур шаҳодат медиҳад.

Дар доираи Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» ҷаласаҳои пленарӣ дар мавзуъҳои «Дастовардҳо ва таҳаввулоти асосӣ дар тӯли 30 соли охир ва диди стратегӣ барои ояндаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, муколлама байни ҳавзаҳо, байни давлат ва бахши хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳими марбут обу энергетика, экология, хусусан наҷоти баҳри Арал баррасӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст ва соли равон аз таъсиси он 30 сол сипарӣ гардид.

Муассисони фонд Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

Рамзи 30-солагии таъсисёбии фонд аз ҷониби Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст ва ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ба сӯи ояндаи устувор тавассути институти минтақавии пуриқтидор» дирӯз дар Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба фаъолият ва дурнамои ФБНА/ бо иштироки ҳайатҳои давлатҳои муассис баррасӣ гардид. Инчунин дар назар аст, ки иштирокдорони конфронс пагоҳ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва иншооти бузурги обии Тоҷикистон, ба мисли Неругоҳи барқи обии «Норак» ва Қалъаи Ҳисор боздид намоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2023 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Дар Москва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» баррасӣ гардид
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
Сафири Тоҷикистон бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири омӯзиш ва парвариши Эрон мулоқот намуд
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Русия
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Москва
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид
Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд