Дар Эрон бар асари тӯфони ғуборолуд беш аз 1000 нафар дар беморхона бистарӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Систон ва Балуҷистони ҷанубу шарқи Эрон бар асари тӯфони ғуборолуд беш аз 1000 нафар дар беморхона бистарӣ шуда, 1 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «IRNA» хабар медиҳад.
Тайи ҳафтаи гузашта 1191 нафар дар Систон ва Балуҷистон бо далели шиддати шамол ва ғубор барои кумак ба табибон муроҷиат намудаанд.
«Як нафар бар асари мушкилоти нафаскашӣ ба ҳалокат расид», — хабар дод сардори раёсати мубориза бо офатҳои табиии вилоят Маҷид Муҳиббӣ.
Тибқи маълумоти табибон, иллати асосии муроҷиатҳо мушкилоти биноӣ, нафаскашӣ ва дил аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






