Дар Хуҷанд корҳои ободонию бунёди иншооти таъйиноти гуногун бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома доранд

Июнь 27, 2023 15:20

ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 июн ба мумфаршкунии роҳи яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Роҳи мазкур бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии шаҳр мумфарш карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Иди Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сайёҳӣ бомаром идома дорад. Аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ, хатти барқ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ба ҳусни маҳаллаву шаҳрҳо ҳусни дигар зам менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 27, 2023 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд