Дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон ҷаласаи 76-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор гардид

Июнь 7, 2023 10:10

ДУШАНБЕ, 07.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи 76-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 6 июн дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон доир гардид, ки дар кори он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа роҳбарони хадамоти гумруки Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои ворид намудани тағйирот ба “Номенклатураи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷии ИДМ” қарорҳо қабул гардид. Инчунин низомнома миёни мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ оид ба мубодилаи молҳое, ки аз ҷониби макомоти гумруки давлатҳои ИДМ нисбат ба онҳо вайронкунии ҳуқуқи моликияти зехнӣ ошкор гардидаанд, тасдиқ шуд. Ҳамзамон тавсияҳои методӣ оид ба қоидаҳои таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт барои кашондани мол таҳти пломбаҳои гумрукӣ муҳокима гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо як қатор масъалаҳои ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуда, қарор қабул карданд. Аз ҷумла масъалаи суръат бахшидани равандҳои расмиёти дохилии давлатии мувофиқа барои имзои минбаъдаи Созишнома дар бораи тартиби гузоштани мӯҳрҳо ва штампҳо аз ҷониби мақомоти гумрукии кишварҳои ИДМ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ коркард гардид. Қабули ин санад имкон медиҳад, ки убури молҳо аз сарҳадро суръат бахшида, тафовути мавҷуд дар тартиби назорати ҳуҷҷатии онҳоро аз байн бардорад.

Қарорҳо оид ба мукаммал намудани сохтори “Номенклатураи ягонаи молӣ оид ба фаъолияти иқтисоди хориҷии ИДМ” қабул шуд, ки он имкон медиҳад маълумоти омори гумрукии ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ дуруст ташкил карда шуда, чораҳои татбиқи танзими гумрукӣ-тарифӣ ва ғайритарифӣ таъмин гардад, инчунин муҳокимаҳои эҳтимолии судӣ оид ба масъалаҳои таснифот пешгирӣ карда шаванд.

Иштирокдорони ҷаласа мавқеи худро оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ дар доираи Созмони умумиҷаҳонии гумрук ҳамоҳанг намуданд.

Ҷонибҳо шартҳои техникии ҳамкории иттилоотиро бо мақсади тасдиқи Низомномаи мубодила миёни мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ оид ба молҳое, ки аз ҷониби макомоти гумруки давлатҳои ИДМ нисбат ба онҳо вайронкунии ҳуқуқи моликияти зехнӣ ошкор гардидаанд, бо дарназардошти мавқеи иштирокдорон имзо намуданд.

Намояндагони Русия ва Беларус аз натиҷаҳои пешакии татбиқи лоиҳаи пилотии мубодилаи электронии санадҳо ва маълумотҳои интиқоли транзитӣ, ибрози назар намуда, таъкид шуд, ки истифода аз чунин нақшаи корӣ имкон медиҳад, ки сатҳи автоматикунонии транзит аз ҳисоби ҷорӣ намудани гардиши ҳуҷҷатҳои бидуни коғазӣ дар нақлиёти роҳи оҳан баланд карда шуда, хароҷоти вақт ва молиявӣ коҳиш дода шавад.

Дар ҷаласа инчунин, масъалаҳои интихоби роҳбари нави Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ, тасдиқи лоиҳаи нақшаи кории Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ, омода намудани кадрҳо барои мақомоти гумруки ИДМ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ баррасӣ шуда, нисбат ба онҳо қарорҳои мушаххас қабул гардид.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2023 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад