Дар Тоҷикистон пойгоҳҳои обкашӣ бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шуд.
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати татбиқи пурраи барнома ва ҷалби сармоя дар давраи солҳои 2023-2027 тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва дигар санадҳои соҳавӣ оид ба навсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ, пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ, инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа кардани неруи барқ ҳангоми истифодаи пойгоҳҳои обкашӣ таҳия ва пешниҳод гардида, дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






