Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Июнь 8, 2023 17:49

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар доираи кори ҷаласа нахуст Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин бо  роҳбарони ҳайатҳои расмии иштирокчии ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд.

Дар доираи баргузории ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо — Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам, муаррифии имконияти истеҳсолӣ ва густариши ҳамкории минбаъда дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва технологияи муосир намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намунаи зиёди техникаву таҷҳизоти кишоварзию саноатӣ, роҳу нақлиёт, тандурустӣ ва дигар намуди маҳсулоти дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод истеҳсолшуда муаррифӣ гардид.

Дар намоишгоҳ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз имконияти истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди беҳтарсозии инфрасохтори зарурӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, рушди соҳаи сайёҳӣ, коммуникатсия ва дигар бахшҳои муҳим ёдовар шуда, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаҳои афзалиятнок таъкид намуд.

Дар қисмати дигари намоишгоҳ ба меҳмонон аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолӣ ва намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил навгониҳо  ва  истифодаи технологияи муосири  хизматрасонӣ  дар соҳаи бонкдорӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, логистика, саноат ва энергетика муаррифӣ гардид.

Сипас ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки роҳбарони ҳайатҳои расмии давлатҳои аъзои иттиҳод дар ҳайти маҳдуд баргузор шуд,  ки дар кори он  масъалаҳои вобаста ба рўзномаи ҷаласаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба рушду тавсеаи самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид.

Баррасии пурраи рӯзномаи ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ ва мубодилаи афкори самарабахши ҷонибҳо дар нишасти васеи ҳайатҳо идома ёфт. Дар рафти ҷаласаҳои ҳайатҳои маҳдуд ва иштироки ҳайатҳои васеъ дар маҷмуъ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ИДМ баррасӣ шуд.

Зимни суханронии худ дар  ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар роҳбарони ҳайатҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро дар самти густариши ҳамкории судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ иброз намуда, таъкид доштанд, ки маҳз дар асоси ҳамкории бисёрҷониба метавон ба рушду тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи Иттиҳод ноил гардид.

Дар ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 14 масъалаи муҳим муҳокима гардида, аз натиҷаҳои муҳокимаҳои онҳо санадҳои дахлдор ба имзо расонида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Июнь 8, 2023 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд