Лоиҳаи «БРАМОМ-4» дар Тоҷикистон бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ — БРАМОМ-4» бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ хоҳад гардид. Чунин гуфт Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим зимни мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Муҳаммад Зулфиқор Аҳмад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Ҳар сафари кории шумо ба пешрафти лоиҳаи “БРАМОМ-4” такони ҷиддӣ мебахшад, ҳарчанд корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳҳои таҷдидшаванда нав оғоз гардид ва мо умед дорем, ки бо дастгирии доимии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем», — иброз дошт вазир.
Ҷонибҳо масоили вобаста ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи «БРАМОМ-4», махсусан дар доираи ҷузъиёти 1 ва 2-ро, ки ба воридкунии Низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) ва татбиқи Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ бахшида шуда буд, муҳокима намуданд.
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ аз 22 то 30 май бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар татбиқи марҳилаи чоруми лоиҳаи «БРАМОМ-4» ба Точикистон омада, бо намояндагони Вазорати нақлиёти мамлакат мулоқот намуд ва бо корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳи вилояти Суғд шинос гардид.
Дар вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи «БРАМОМ-4» навсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, таҷдиди қитъаи «Куруш – Бекобод» бо дарозии 12,3 км, қитъаи роҳи «Деҳмой – Б. Ғафуров» бо дарозии — 22,0 км, навсозии қитъаи роҳи «Б. Ғафуров – Хистеварз» бо дарозии 6,6 км, қитъаи роҳи «Конибодом – Кучкак» бо дарозии 10,3 км аз ҳамин қабил аст.
Инчунин дар доираи лоиҳа дар Бадахшон сохтмони пул бо дарозии 200 метр ва сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 км дар шаҳри Хоруғ, бунёди роҳи автомобилгард дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840 метр ва як пул бо дарозии 82,3 метр пешбинӣ шудааст.
Имсол инчунин сохтмони яке аз лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи нақлиёт — роҳи «Гулистон – Кӯлоб» бо дарозии 32,5 километр ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






