Мушкилоти чорводорӣ. Чаро чорводорони дигар минтақаҳои мамлакат муҳлати ба чарогоҳҳои ноҳияи Сангвор овардани чорворо риоя намекунанд?
САНГВОР, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Заминҳои чарогоҳи ноҳияи Сангвор зиёда аз 193 ҳазору 846 гектарро ташкил мекунанд, ки ҳамасола зиёда аз 200 рамаи моли майда аз шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат бо шумораи зиёда аз 500 ҳазор сар бузу гӯсфанд дар фасли тобистон ба ин чарогоҳҳо оварда мешаванд. Масъулини ноҳияи Сангвор ин шумораи зиёди чорвои хурдро мувофиқи ҳуҷҷатгузориҳояшон дар заминҳои чарогоҳи Хоҷагии ҷангал, Парки миллӣ ва чарогоҳи фонди маҳал ҷой менамоянд.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, то имрӯз 96 рама бо шумораи зиёда аз 165 ҳазор сар чорвои хурд ба чарогоҳҳои ноҳияи Сангвор ворид шудааст. Дар баробари ин 84 ҳазор сар чорвои хурд ва 38 ҳазор сар чорвои калони сокинони ноҳия дар ин чарогоҳҳо мечарад.
Мувофиқи гуфтаи масъулини ноҳия, барои зиёд нагардидани бемориҳои гуногун дар байни чорвои хурду калон назорат пурзӯр карда шудааст. Соҳибони ҳар рамае, ки вориди ноҳия мегардад, ҳатман ҳуҷҷати эмгузаронии чорворо нишон медиҳанд ва баъд ба мавзеъҳои вобасташуда мераванд.
Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи мазкур дар ноҳияи Сангвор, мушкилии асосӣ дар ин самт- ин пеш аз муҳлат омадани чорвои хурд ба чарогоҳҳои ноҳия мебошад. Мувофиқи тартиби муайяншуда, солҳои гузашта пас аз 25 май, ки дар чарогоҳҳо алаф баланд мегардид, омадани чорво ба ноҳия оғоз мешуд. Вале соли равон шуруъ аз 10 апрел ба чарогоҳҳои ноҳия зиёда аз 14 рама, ки ҳар рамаи он аз 1500 то 3000 сар моли майдаро дар бар мегирад, ворид гардид. Бинобар хунукӣ, дер об шудани барф ва дар чарогоҳҳо набудани алаф рамаҳо дучори гуруснагӣ шуданд. Соҳибони ин рамаҳо наметавонистанд мувофиқи хатсайри худ аз ҳисоби набудани алаф ба мавзеъҳои вобастагардидаашон ҷалб шаванд. Онҳо маҷбуран моли худро дар наздикии мавзеъҳои аҳолинишин чаронида, онҳоро аз талаф ёфтан наҷот доданд ва баъди 15-20 рӯз ба мавзеъҳои муайяншудаи худ рафтанд.
Аз ин рӯ масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар ин самт назоратро пурзӯр намоянд. Барои талаф надодани саршумори чорвои майда бояд соҳибони рамаҳо масъулият ҳис намуда, тартиботи муайяннамудаи Вазорати кишоварзиро на танҳо дар ноҳияи Сангвор, балки дар дигар чарогоҳҳои навоҳии минтақаи Рашт низ риоя намоянд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






