Омӯзгори фанни химия Назокат Маҳмадиева Тоҷикистонро дар Португалия муаррифӣ намуд

Июнь 9, 2023 13:45

ДУШАНБЕ, 09.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5-7 июн дар доираи барномаи «Мактабҳои 2030» дар шаҳри Портои Португалия Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар доираи 10 давлат бо иштироки наврасон, омӯзгорон, мутахассисони соҳаи маориф, шарикони рушд ва намояндагони вазорати маориф аз кишварҳои барномавӣ баргузор гардид, ки  Тоҷикистонро дар форуми мазкур омӯзгори фанни химияи мактаби № 2-и ноҳияи Данғара Назокат Маҳмадиева муаррифӣ намуд. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Назокат Маҳмадиева дар  Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар», ки дар шаҳри Бохтар байни ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои лоиҳавии мамлакат гузаронида шуд, бо лоиҳаи «Хазинаи табиат» ғолибиятро ба даст оварда буд.

Номбурда бо ишғоли ҷойи якум дар ин Форум бо мукофоти пулӣ ва Диплом қадрдонӣ гардида,  роҳхатро барои иштирок  дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар шаҳри Портои давлати Португалия ба даст овард.

Назокат Маҳмадиева гуфт, ки «аз пешниҳод намудани лоиҳаи худ дар Форуми ҷаҳонии «Мактабҳои 2030» хело хушнуд шудам, зеро он имконият дод, то таҷрибаи худро бо омӯзгорони мухталифи ҷаҳон мубодила намуда, аз дигарон биомӯзам ва таҷрибаҳои мувофиқ ба  ҷумҳуриамонро  бо ҳамкоронам амалӣ намоям. Аз ин рў, миннатдории хешро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Лоиҳаи Мактабҳои 2030 барои чунин имконияти бузург баён менамоям».

Ин омўзгори тоҷик  дар сатҳи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки омӯзгорони Тоҷикистон дорои донишу маҳорати баланди касбӣ буда, фаъолияти кориашон ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст ва шогирдонро бо истифодаи аз усулҳои муосири педагогикаю  психология таълиму тарбия медиҳанд. Ин аст, ки таҷрибаи пешқадами онҳо аз тарафи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳои пешрафтаи дунё  эътироф мегарданд.

Дар воқеъ, сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва сиёсати дарҳои кушод дар самти рушди соҳаи маориф таъсири баланд гузошт.

Ҳамасола аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти соҳаи мазкур, муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия маблағҳои зиёде масраф мегарданд ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд технологияи муосир, усулҳои хуби коргузорӣ мавриди омузиши омӯзгорон қарор дода мешавад. Маҳз дар асоси ҳамкорӣ бо шарикони рушд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ташкили Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» дар шаҳри Бохтар муносибат намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Июнь 9, 2023 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид