«РАССОМИ БЕҲТАРИН». Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид

Июнь 3, 2023 08:45

ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Рассоми беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони «Рассоми беҳтарин» дар соли таҳсили 2022-2023 6 донишҷӯи Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» иштирок намуда, соҳиби ҷоизаи озмун гардиданд.

Фаррухҷон Муллоҷов аз рӯйи равияи «Санъати ороиши амалӣ», Зуҳал Юлдошова аз рӯйи равияи «Бофандагии бадеӣ», Саҳобиддин Палвонов аз рӯйи равияи «Графика», Ганҷинаи Зафарӣ аз рӯйи равияи «Зебосозии либос ва матоъ» сазовори ҷои 1-ум ва Одилҷон Қосимов аз рӯйи равияи «Рассомӣ», Алишер Бойматов аз рӯйи равияи «Коркарди бадеии чӯб» сазовори ҷои 2-юм шуданд.

Аз байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» сазовори ҷои 1-ум дониста шуд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2023 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст