Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи футбол бозигарону масъулони дастаҳои вилояти Суғд тавзеҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳу тавзеҳи с ва Кодекси интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозигарон, мураббиён, роҳбарону масъулони дастаҳои футболи вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Лигаи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақсад аз баргузории ҷамъомад ин пешгирии футболбозон ва варзишгарон аз гароиш ба зуҳурот ва падидаҳои номатлуб дар футбол ва дурӣ ҷустан аз тамоюл ба амалҳои ғайриварзишӣ, ки нуфузи варзиши рақами яки сайёраро коста менамояд, ҳамзамон саҳм гузоштан дар татбиқи дурнамои рушди футболи миллӣ ва ҳимояи арзишҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ буд.
Мутобиқи нақша-чорабиниҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ҷаласаҳои гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо намояндагони дастаҳои футболи вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ки дар маҷмуъ 22 дастаҳои касбии футболро ташкил медиҳанд, ба анҷом расиданд.
АКС: Лигаи футболи Тоҷикистон










КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






