Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатар таъсис меёбад

Июнь 27, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар шаҳри Давҳа Созишнома байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар дар бораи таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар доданд.

Созишномаи мазкур дар доираи мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода  бо муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Аҳмад Тавор ал-Куворӣ ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин роҳҳои тақвияту густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, сармоягузорӣ, содироту воридот ва дар ин замина эҷоди абзорҳои самараноки ҳамкории мутақобилан судманди бахши хусусии ду давлатро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ба имзо расидани ин созишнома робитаҳои тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати ба сатҳи сифатан нав хоҳанд баромад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

Июнь 27, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд