Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ дод, ки дар ҷаҳон фавт аз коронавирус дар зарфи чор ҳафта 47% коҳиш ёфтааст

Июнь 9, 2023 15:07

ДУШАНБЕ, 09.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 май то 4 июн дар ҷаҳон беш аз 1,7 миллион нафар ба сирояти коронавирус мубтало гардида, беш аз 10,4 ҳазор нафар фавтидаанд. Шумораи нисбат ба 28 рӯзи қаблӣ 47% ва шумораи сироятҳо 38% кам гардидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус шоми панҷшанбе Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар додааст.

Мувофиқи маълумоти ин Созмон, дар давоми чор ҳафта дар ҷаҳон 1 720 356 ҳолати сироятёбӣ ва 10 463 фавт ба қайд гирифта шудааст. Аксари ҳолатҳо дар ин давра дар Ҷумҳурии Корея – 470 093 нафар ошкор шудаанд. Баъд аз Ҷумҳурии Корея Австралия (147 684), Бразилия (113 286), Фаронса (93 850) ва ИМА (93 260) қарор доранд. Аз 8 май то 4 июн 1943 ҳолати фавт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабт шудааст. Баъдан Бразилия (1074), Фаронса (555), Италия (549) ва Русия (532) дар ин қатор ҷой доранд.

Ба ҳолати 7 июн, дар ҷаҳон 767 750 853 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 6 941 095 нафар фавтидаанд.

Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус 5 май зимни брифинг дар Женева изҳор намуд, ки шумораи воқеии фавтидагон на кам аз 20 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 9, 2023 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад