ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Академик Фарҳод Раҳимӣ хокбориши ахири дар ҳудуди Тоҷикистон рухдодаро ба АМИТ «Ховар» шарҳ дод

Июнь 24, 2023 09:20

ДУШАНБЕ, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир зиёд гардидани ҳодисаи хокбориш, тӯфонҳои чангӣ, олудашавии ҳаво ва  пайиҳам рух додани таркишҳо дар қаъри Офтоб, инчунин  зиёд шудани тӯфонҳои магнитӣ, ки ба саломатии сокинони мамлакат бетаъсир намемонанд, аҳолиро ба ташвиш овардааст. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ хокбориши ахири дар ҳудуди Тоҷикистон  рухдодаро, ки 22 июни соли 2023 оғоз гардида, ҳоло идома дорад, таҳлил намуда, аз натиҷааш ба АМИТ «Ховар» чунин иттилоъ дод:

— Мувофиқи маълумоти лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки тавассути таҷҳизоти муосири таҳқиқи атмосфераи Замин «Lidar-PollyNet», асбобу таҷҳизотҳои муосири таҳқиқи атмосфераи Замин: «Lidar-PollyNet» (истеҳсоли Олмон), фотометри Офтобӣ (истеҳсоли Фаронса) ва спектрометри рентгенофлуорестсенсӣ “Спектроскан — Макс-G”  ба даст оварда шудааст, шурӯъ аз 22 июни соли 2023 ба фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон «хокбориш» ворид гардид (расмҳои 1-4). Таҳқиқот аз руйи таҳлили масири ҳаракати  чангу ғубор нишон дод, ки барои таърихи рӯзи 23 июни соли 2023 саршавии масири чанг дар баландии 2500 м аз давлати Алҷазоир (маҳали Тебесса) ба мушоҳида мерасад (расми 5 ва расми 6).

Баландии хокбориш дар шаҳри Душанбе то 2.5 километр ба қайд гирифта шуд.

Таҳлили таркиби хокбориши воридгардида нишон медиҳад, ки  дар он аз унсурҳои вазнини ба саломатии инсон зараровар ҳамагӣ се унсур – сурб, арсен ва синк бо консентратсияи хурдтар аз қимати миёнаи солҳои 2007-2023 мавҷуданд (ҷадвали 1).

Унсурҳои дигар, ба монанди мис, никел, кобалт ва ғайра (ҳамагӣ 9 унсури дигар) дар таркиби хокбориш бо консентратсияи камтар мавҷуданд ва бинобар ин ба саломатии  инсон зарари зиёд намерасонанд.

Дар рӯзҳои хокбориш олудагии ҳаво дар фазои мамлакат қариб 2,23 маротиба зиёд шудааст. Бояд гуфт, ки дар хокбориши 9-10 июни соли ҷорӣ олудагии ҳаво дар фазои мамлакат қариб 10 маротиба зиёд буд (расми 3 ва расми 4).

Расми 1. Ғафсии оптикии аэрозоли атмосфера дар санаи 21.06.2023.

Расми 2. Ғафсии оптикии аэрозоли атмосфера дар санаи 22.06.2023.

Расми 3. Ғафсии оптикии аэрозоли атмосфера дар санаи 10.06.2023.

Расми 4. Ғафсии оптикии аэрозоли атмосфера дар давоми 1 июни соли — 22 июни соли 2023

Расми 5. Масири ҳаракати чангу ғубор барои таърихи 22.06.2023

Расми 6. Масири умумии ҳаракати чангу ғубор барои таърихи 22.06.2023

Академик Фарҳод Раҳимӣ барои сокинони мамлакат дар чунин рўзҳо тавсияҳои зеринро манзур менамояд:

1. Чи тавре, ки аз таҳлилҳо бармеояд, хокборишҳо ҳамчун паёмади манфии тағйирёбии иқлим минбаъд низ мунтазам рӯй медиҳанд ва бояд ҳамагон ба он омода бошанд;

2. Таъсири манфии тӯфонҳои чангӣ ва хокборишҳо ба муҳити зист, экология, кишоварзӣ, олами ҳайвоноту наботот ва саломатии инсонҳо баръало мушоҳида мешавад;

3. Тавсия дода мешавад, ки вазорату идораҳои дахлдор ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ роҳу усулҳои кам намудани зарари тӯфонҳои чангӣ ва хокборишро коркард ва ба аҳолӣ пешниҳод намоянд;

4. Ба нафароне, ки ба бемориҳое, мисли бемории дил, роҳи нафас, баландфишорӣ, қанд  ва монанди инҳо гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки дар чунин рӯзҳо дар  хонаҳо қарор гирифта, ҳангоми сайру гашт дар фазои кушод ҳатман  аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар тамоми курраи Замин, махсусан дар минтақа ва мамлакати мо пайиҳам тӯфонҳои чангӣ, ки бо номҳои хокбориш, тӯфони афғонӣ, хокбориши афғонӣ маъмул шудааст, ба амал омада истодаанд.

Ин тӯфонҳо бо сабаби тағйирёбии иқлим, болоравии ҳарорати миёнаи курраи Замин ва вобаста ба он, биёбоншавии қисматҳои гуногуни сайёра ба амал омада, оқибатҳои ногуворро ба бор оварда истодаанд.

Таъсири манфии ин тӯфонҳо ба экология ва муҳити зист, саломатии инсонҳо, иқтисодиёти кишварҳо ва дигар самтҳои ҳаёти инсонӣ имрӯзҳо баръало мушоҳида мешавад.

Махсусан,  тайи чор соли охир- солҳои 2020-2023 такроршавии чунин  хокборишҳо ва тӯфонҳои чангӣ дар Тоҷикистон афзуда, зарар ва оқибатҳои он мушоҳида мешавад.

Айни замон сабаб, оқибатҳо, таркиби ин тӯфонҳо ба пуррагӣ омӯхта нашуда, таҳқиқоти иловагиро талаб менамояд.

Аввалан ҳамин нуктаро таъкид менамоям, ки инсоният дар пешорӯйи ҳодисаҳое ҳамчун заминларза, сунами дар баҳру уқёнусҳо, тӯфонҳои магнитӣ, хокборишҳо ва тӯфонҳои чангӣ қодир нест, ки пеши роҳи онҳоро гирад.

Дар муқоиса бо заминларза имрӯзҳо тӯфонҳои магнитӣ, чангӣ ва хокборишҳо пешгӯишавандаанд ва дар ин мавридҳо тавсия он аст, мо, инсонҳо, ки пеши ин ҳодисаҳоро гирифта наметавонем, бояд ақалан худро ба онҳо мутобиқ гардонида,  роҳҳои кам намудани таъсири зараровару харобиовари онҳоро коркард ва ҷустуҷӯ намоем.

Дар асри 20 инсоният шоҳиди он гардид, ки ҳарорати миёнаи курраи Замин баланд шуда, паёмадҳои манфии  зиёдеро ба бор овардааст ва ибтидои асри 21 ин раванд, яъне, болоравии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин идома дорад. Ва ин тамоюл дар 2000 соли охир бесобиқа аст. Баҳсҳои зиёде байни олимон доир ба омилҳои асосии болоравии ҳарорати миёнаи кураи Замин вуҷуд доштанд ва ҳоло ҳамагон ба як хулосае омаданд, ки сабабгори асосии болоравии ҳарорати миёнаи солона дар кураи Замин худи инсонҳо мебошанд, яъне, омили асосӣ ин омили инсонӣ –- омили  антропогенӣ аст.

Доир ба ин масъала таҳқиқоти зиёде гузаронида шуд ва олимон ба натиҷае расиданд, ки болоравии ҳарорат дар атмосфера ва уқёнуси ҷаҳонӣ, тағйирёбии глобалии сикли гидрологӣ, коҳиши қабатҳои барфӣ ва пиряхҳо, болоравии бесобиқаи сатҳи баҳру уқёнусҳо ва дигар ба ин монанд ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ ин натиҷаи таъсири инсон ба муҳити зист будааст.

Сабабҳои асосии болоравии ҳароратро дар кураи Замин чунин натиҷаҳои фаъолияти инсон медонанд: истеҳсоли  энергияи электрикӣ ва гармӣ бо истифода аз маводи сӯхт, ба монанди газ, ангишт ва маҳсулоти нафтӣ, истеҳсоли мавод ва маҳсулоти саноатӣ ва ба атмосфера партофта шудани  миқдори зиёди газҳои гулхонаӣ аз корхонаҳои бузурги саноатӣ, нобуд намудани ҷангалзорҳо, истифодаи бесобиқаи нақлиёти заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ, ки сӯзишворӣ истифода менамоянд, истеъмоли рӯзафзуни энергия ҳам дар истеҳсолот ва ҳам бо мақсади таъмини шароити мусоиди зиндагӣ.

Ҳамаи омилҳои дар боло овардашуда ба натиҷае расониданд, ки имрӯзҳо мо паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлимро вобаста ба болоравии ҳарорати миёнаи курраи Замин дар чунин шаклҳо мебинем: хушксолиҳои пайиҳам дар баъзе минтақаҳои кураи Замин, обхезӣ дар қисмати дигари кураи Замин, сӯхторҳои бузург дар масоҳатҳои зиёд,  баландравии сатҳи баҳрҳо ва уқёнуси ҷаҳонӣ, бо суръати баланд обшавии пиряхҳо, норасоии оби тоза, шамолҳои сахт, ҳароратҳои ғайримуқаррарии хело паст ва ё хело баланд, кам гардидани гуногунии биологӣ, кӯч бастани олами ҳайвоноту наботот, камҳосилӣ ва монанди инҳо.

Сабаби асосии зиёд шудани хокборишҳо ин – тағйирёбии иқлим мебошад, ки дар боло зикр намудам ва 4 соли охир паёмадҳои он назаррас шуда истодаанд.

Ҷадвали 1

Металлҳои вазнин дар таркиби чангу ғубор 

 Металҳои вазнин Воҳиди ченкунӣ Консентратсияи

рӯзи 22.06.2022

Консентратсия дар давоми солҳои 2007-2023
Қимати миёна Қимати калонтарин Қимати хурдтарин
Sr мг/кг 117,67 195,4 416,0 110,5
Pb мг/кг 17,53 38,7 232,1 4,8
As мг/кг 21,41 22,8 154,0 4,9
Zn мг/кг 127,65 156,6 685,4 50,6
Cu мг/кг 45,95 52,7 154,0 31,3
Ni мг/кг 39,21 33,4 78,3 11,6
Co мг/кг 0 12,1 28,0 2,0
Fe2O3 % 5,39 3,3 6,9 2,3
MnO мг/кг 89,26 643,3 980,1 232,0
Cr мг/кг 65,39 100,1 115,9 6,6
V мг/кг 6,56 70,5 129,0 3,0
TiO2 % 0,41 0,6 0,9 0,2

АКС аз бойгонӣ

Июнь 24, 2023 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон