ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 июн, душанбе, 165-умин рӯзи соли 2023 аст

Июнь 12, 2023 08:00

12 июни соли 2012  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллӣ, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар намуданд.

***

12 сол пеш, 12 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари судманд аз Люксембург бо сафари расмӣ ба Венгрия  рафтанд. Масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат дар мулоқоти «як ба як»-и сарони давлатҳои ду давлат ва пас аз он бо иштироки ҳайатҳо баррасӣ гардид.

***

6 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор гардид.  Дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулини вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд.

***

12 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нав дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд бо таври замонавӣ бунëд гардида, аз 5 ошëна бо таҳхона иборат мебошад.

 12 ИЮН:

Рӯзи байналмилалии мубориза ба меҳнати кӯдакон.

***

Дар Русия — иди умумимиллӣ-Рӯзи Русия ё худ Рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти он.

***

Дар Туркманистон —  Рӯзи илм.

 РӮЙДОДҲО: 

12 июн соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

12 июни соли 2021  дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол» ба истифода дода шуд. Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 24 садяк замин қомат афрохта, барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

 ***

12 июни соли 2019 ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардид.

***

Соли 2017 бори нахуст ҳавопаймои ширкати  миллии  ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.

***

12 июни соли 2012 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РЎЗ…

    Соли 2018  дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҳайати меҳмонон аз Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон пас аз шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ноҳияи Варзоб сафар карданд.Зимни боздид аз ин минтақаи туристӣ меҳмонон аз дидани манзараҳои зебову биҳиштосо, дарёча ва шаршараҳои софи кӯҳӣ ба ваҷд омада, аз табиати сабзу насими ҷонбахши ин минтақаи дилрабои Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд. Ёдовар мешавем, ки дар ин  рӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Июнь 12, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, ҷумъа, 299-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, панҷшанбе, 298-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, чоршанбе, 297-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, сешанбе, 296-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, душанбе, 295-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, якшанбе, 294-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, шанбе, 293-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, ҷумъа, 292-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, панҷшанбе, 291-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, чоршанбе, 290-умин рӯзи соли 2024 аст