ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июн, панҷшанбе, 180-умин рӯзи соли 2023 аст
29 июни соли 2018 дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
***
Дар ин рўзи соли 2019 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли трактор шинос шуданд. Корхонаи мазкур яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад. Ба Сарвари давлат дар саҳни ҳавлии корхона намунаи муосиртарин техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Корхонаи истеҳсоли тракторҳо муаррифӣ карда шуд.
***
12 сол пеш, 29 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Директори иҷроияи Бонки осиёгии рушд Ашок Кумар Лаҳирӣ масоили ҳамкории гуногунҷанба бо ин ниҳоди минтақавии молиявӣ, ки аз ниҳодҳои асосии мададрасони Тоҷикистон ба шумор меравад, баррасӣ шуданд.
***
29 июни соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуданд.
29 ИЮН:
Дар Русия – Рӯзи киштисозон.
РӮЙДОДҲО:
29 июни соли 2012 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тасдиқ гардид.
***
7 сол пеш, 29 июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария машварати сиёсӣ багузор гардид.
***
29 июни соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
***
29 июни соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» — и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии ИДМ баргузор гардид, ки китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии халқи тоҷик» сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардид. Дар озмуни мазкур ду китоби дигар дар бахшҳои гуногун сазовори ҷойҳои аввал гардиданд: «Мероси фарҳанги ғайримодии Тоҷикистон» (нашриёти Эр-граф) дар бахши «Гуфтугӯи фарҳангҳо» ва «Шиносоӣ ва хотира» (Н. Сафаров, Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) дар бахши «Адабиёти таьлимӣ «.Ҳамчунин китобҳои «Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ» (нашриёти Ношир) дар бахши «Нашри Иттиҳод» ва «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик) дар бахши «Кишвари ман» сазовори ҷойҳои дуюми озмун гардиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ….
Соли 2021 рӯзномаи «Ар-Риёз»-и Подшоҳии Арабистони Саудӣ муҳтавои мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 15 июн дар АМИТ «Ховар» таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» интишор ёфта буд, бо забони арабӣ зери унвони «Президенти Тоҷикистон: СҲШ — намунаи нави созмонҳои байналмилалии пешсаф — масири муваффақонаи Созмон дар тӯли 20 сол» бознашр намуд.