«TAJIKISTAN FASHION WEEK». Беш аз 30 тарроҳ маҳсули дастони худро дар Душанбе ба намоиш гузошт

Июнь 7, 2023 13:59

ДУШАНБЕ,07.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе фасли 10-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон («Tajikistan Fashion Week») оғоз гардид, ки рамзи он дар соли равон «Дӯстии халқҳо» унвон гирифтааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки фасли 10-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттиҳодияи эҷодии «Т&Z» ва бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он беш аз 30 тарроҳ аз давлатҳои хориҷӣ, назири Русия, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон зарфи се рӯз — аз 6 то 8 июн маҳсули дастони худро ба намоиш мегузорад.

Дар маросими ифтитоҳи ин Намоиши байналмилалии фарҳангию саноатӣ намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва тарроҳон иштирок намуданд.

Шурўъ аз соли 2018 дар ҷумҳурӣ Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон бо мақсади муаррифии мӯди муосири ватанӣ, тарғиби зебоипарастӣ ва рушди соҳаи саноати сабук гузаронида мешавад.


«Tajikistan Fashion Week» то 8 июн дар пойтахт идома ёфта, дар он 33 тарроҳ ва брендҳои маъруф ба мисли «ЭТНО fresh и FIORI Dress Code», «Kids Clothing Brand Pancho», «Ganj Collection», «GoolyNoor», «JATSO by Aziza Rajabova» иштирок мекунанд.

Дар «Tajikistan Fashion Week» 15 тарроҳи ватанӣ -Нафиса Имронова, Сулҳия Ғуломова, Лайло Ҳабибӣ, Нилуфар Шодиева, Вайс Асоев, Гугуш Ашӯрова, Зулола Абутробова, Шукрона Наврўзова, Садбарг Мараимӣ ва Маҳина Раҷабова маҳсули эҷоди худро ба намоиш мегузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки фасли 10-уми «Tajikistan Fashion Week» ба яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир- «дӯстии халқҳо» бахшида шудааст.

Бо ин иқдоми худ намояндагони иттиҳодияи эҷодии «ТZ» сайъ доранд, ки дар таҳкими равобити фарҳангӣ ва дӯстонаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ саҳм гузоранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Июнь 7, 2023 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд