«ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Хоруғ даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» шуруъ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи ин озмун иброз гардид, ки донистани таърихи пурғановати халқи тоҷик тавассути мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» барои ҳар шахси инсондӯсту ватанпараст мояи ифтихор аст.
Роҳбарияти шаҳри Хоруғ изҳор доштанд, ки озмуни мазкур ба хотири арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дарҷ гардидаанд, роҳандозӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» соли равон зери сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 115-солагии ин абармарди тоҷик – Бобоҷон Ғафуров, ки баҳри шинохти миллати тоҷик хизмати намоён кардааст, эълон гардид.


Ҳайати ҳакамон баромади ҳар як довталабро тибқи талаботи Низомномаи озмун баҳогузорӣ мекунанд.
Озмун дар байни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад.
Даври якуми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардида, хонандагон, омӯзгорон ва донишҷӯён ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






