ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — НЕЪМАТИ БУЗУРГ БАРОИ ҲАР СОКИНИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода дар ин хусус

Июнь 27, 2023 13:19

 ДУШАНБЕ, 27.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мардуми шарафманди Тоҷикистон  имсол 26-солагии Рўзи Ваҳдати миллиро дар мамлакати  аз ҳама ҷиҳат пешрафта истиқбол мегирад. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатӣ  ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд,  «агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст». Чунин изҳор намуд  Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бекмуродзода дар мақолааш, ки дар Рўзи Ваҳдати миллӣ  ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад:

— Бояд гуфт, ки дар мамлакат  дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда шуд ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона гардид. Ин ҳама таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ  нисбат ба мардум аз баракати сулҳу оромӣ ба даст омадаанд, ки дар пойдории он нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Самари сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ  аст, ки мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи мамлакат, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем.

Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Хусусан, дар шароити ниҳоят ҳасоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2023 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ