Дар Вазорати молияи Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ баррасӣ гардид

Июль 10, 2023 13:04

ДУШАНБЕ, 10.07.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Ноиби Президент – котиби корпоративии Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Лудгер Шукнехт вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои худро баён карданд.

Ёдовар мешавем, ки 17 майи соли 2023 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Ҷин Лисун дар Пекин изҳор гардид, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои фоиданок, маблағгузории минбаъдаи рушди «инфрасохтори сабз» дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, манзиливу коммуналӣ, хизматрасонӣ ва идораи шаҳр тамоми имконият ва захираҳоро дорад. Барои амалӣ намудани ин иқдомҳо чанд рўз пеш ноиби президенти ин бонк Лудгер Шукнехт ба Тоҷикистон омад. Номбурда баҳри тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон зимни ин сафар бо роҳбарони якчанд вазорату идораҳо мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2023 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст