ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июл, шанбе, 182-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 1, 2023 08:00

1 июли соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ду мамлакат  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

Дар ин рўзи  соли 2020   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагтшикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

4 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2019 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

13 сол қабл, 1 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими  ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

1 июли соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт машварати корӣ доир намуда, бо ёдоварӣ таъкид намуданд, ки «болобарии сунъии нархҳо бояд пешгирӣ карда шавад ва ҳамзамон тавассути афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба паст шудани нархҳо мусоидат бояд кард».

1 ИЮЛ:

Дар Руанда – Рӯзи Истиқлолият.

***

Дар Гана – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Чин – Рӯзи Ҳизби Коммунистӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи кормандони прокуратура.

РӮЙДОДҲО:

1 июли соли 2014  имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ оғоз ёфт ва  аввалин маротиба  дар Тоҷикистон довталабон тавассути низоми тестӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ талош варзиданд. Дар  ин рўз дар 33 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1 имтиҳони қисм (компонент)-и А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон  9 ҳазору 526 довталаб иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишномаи усулии ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»-и Италия (Salini Impregilо) баргузор гардид.

***

1 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Викторович Володин ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 ***

13 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2010 хати барқи «Варзоб-Айнӣ», ки водии Зарафшонро бо барқи нисбатан арзон таъмин менамуд, ба истифода дода шуд.

***

1 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид.

***

1  июли соли 2019   дар   Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаи 12–умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкор, ки  дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд, доир гардид. Намоишгоҳи  мазкур дар  шаҳри Сеул аз  20 то 23 июни соли 2019 баргузор шуда, дар он   9  ихтирои бонувони тоҷик  бо   3 медали тилло, 4 нуқра ва 4  биринҷӣ қадрдонӣ шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2010 бо Фармони Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов шаҳрванди Тоҷикистон  Абдуғаффор Қурбонов бо ордени интернатсионалистӣ «Барои хизмат ба Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, дараҷаи III» қадрдонӣ карда шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Нусратулло Махсум — соли  1881— яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ, ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсиву давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қаҳрамони Тоҷикистон

Июль 1, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст