ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, якшанбе, 197-умин рӯзи соли 2023 аст

Июль 16, 2023 08:00

16 июли соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, мавриди истифода қарор додани иншооти гуногун, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон  ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат карда, баҳри пойдории ваҳдату оромӣ, рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саодатмандию сарбаландии миллати тоҷик дуою фотиҳаи нек намуданд.

***

Дар ин рўзи соли  2022   дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд.Оилаи Одинаевҳо дар ноҳияи Ховалинг намунавӣ буда, дар ин хонавода фарзандони меҳнатдӯсту худшинос ва худогоҳ ба воя расидаанд. Замини наздиҳавлигии шаҳрванд Илҳом Одинаев 8 садякро ташкил медиҳад. Дар 4 садяки замин зироати кишоварзӣ, асосан сабзавот ва картошка кишт карда шудааст. Ҳамчунин дар назди ҳавлӣ дарахтони мевадиҳандаи себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, олу, чормағз, нок, хурмо ва ангур парвариш меëбад.

***

16 июли соли 2022  дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сафедшаҳраки деҳоти Лоҳутӣ ташриф оварда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ифтитоҳ намуданд. Муассисаи нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 синфхонаи таълимӣ мебошад, ки барои 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

***

Дар ин рўзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.

***

8 сол пеш, 16 июли соли 2015 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва шумораи зиёди муҳандисону бинокорони нерӯгоҳи Роғун машварати корӣ анҷом дод. Зимни суханронии Президенти мамлакат, аз ҷумла изҳор гардид, ки “корҳои назаррас анҷом ёфтаанд, вале фаъолияти оянда ҳанӯз ҷаҳду талоши зиёдро талаб мекунад”. Аз бинокорони матиниродаи нерӯгоҳ талаб карда шуд, ки корҳоро бо сифати баланд ва бо риояи тавсияҳои коршиносони муътабари байналмилалӣ, ки тайи 7 сол лоиҳаи сохтмони ин иншоот ва таъсири иҷтимоию экологии онро мавриди ташхису баҳодиҳӣ қарор додаанд, анҷом диҳанд.Ҳамчунин талаб карда шуд, ки ҳар як сомонӣ маблағи барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷудошуда самаранок ва сарфакорона истифода карда шавад.

***

16 июли соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор дидан карда, бо роҳбарону фаъолон ва кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуданд.

***

14 сол қабл, 16 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҷаласаи 15-уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои Ҳаракати адами тааҳҳуд суханронӣ намуданд.

***

16 июли соли 2004  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Варзоб омада, ҷиҳати рафъи ҳарчи зудтари оқибатҳои офат ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Дар мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб бар асари боришоти зиёд ва баланд шудани сатҳи оби дарё қисматҳои алоҳидаи роҳ ва хонаҳои истиқоматӣ, истироҳатгоҳҳои мактабӣ зарар дида буд. Сарвари давлат  бобати тезонидани раванди бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаи нохуши табиӣ, кушодани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд, ҷалби имкониятҳои техникию сохтмонӣ, кӯчонидани оилаҳои зарардида ба ҷойҳои бехатар, расонидани ёрии фаврӣ ба осебдидагон роҳбарияти ноҳияи Варзоб ва ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор намуданд.

16 ИЮЛ:

Дар Уругвай – Рӯзи ғалаба дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол.

РӮЙДОДҲО: 

16 июли соли 2014 бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳринав 100 нафар наврасони  Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки дар истироҳатгоҳи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав истироҳат менамуданд, аз Осорхона ва Китобхонаи миллӣ шаҳри Душанбе дидан намуданд.

 ***

16 июли соли 2016 Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб шуд. Ин тасмим дар ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки  16-уми июли соли 2016  дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи КМОТ барпо гардид, гирифта шуд. Номбурда аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.

***

16 июли соли 2017 паҳлавонони  тоҷик дар мусобиқаи  Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо байни наврасон, ки    16 июл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек анҷом ёфт, як медали тилло, як нуқра ва се медалии биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқа  медали тиллоро варзишгари ҷавони тоҷик  Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни 81 кг ба даст овард. Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни 100 кг соҳиби медали нуқра гардид. Машраб Раҳмонов дар вазни 90 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

***

16 июли соли 2018 дар шаҳри Фарғона мулоқоти кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайатҳои ҳар ду ҷониб иборат аз роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои пешбари бахши иқтисодии ду давлат иштирок намуданд. Расулзода ва Орипов масъалаҳои мубрами равобити дуҷониба, пеш аз ҳама, ҷараёни омодагӣ ба мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

16 июли соли 2020  бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин якумин нишасти вазирони сиғаи «Осиёи Марказӣ – Чин» дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ширкат намуд. Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, барқароркунии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РЎЗ… 

Соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бо иштирок ва  ёрии амалию методии олимони институти боғпарварию сабзавоткорӣ дар шабакаи таҷрибавии зироатҳои субтропикии ноҳияи Ҷалолиддини   Румӣ, хоҷагии таҷрибавии «Сунбула»-и ноҳияи  Ҳисор ва филиали институт дар вилояти Суғд дар майдони 3 гектар боғи коллексионии навъҳои нодири дарахтони мевадиҳанда ва ток бунёд карда шуд. Тавре Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст, кормандони Институти мазкур дар қитъаҳои наздиҳавлигии деҳаи «Қади Об»-и ноҳияи Роғун дар майдони 2 гектар ва дар деҳаи «Бӯстон»-и ноҳияи Файзобод дар майдони 2 гектар ниҳол, ки бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Сербия ворид карда шудаанд, боғи интенсивӣ (сермаҳсул) бунёд намуданд.Инчунин аз ҳисоби ниҳолҳои аз давлати Сербия воридгардида, дар заминҳои шабакаи таҷрибавии Файзобод дар майдони 5 гектар боғи себ ва дар майдони беш аз 1 гектар боғи олу бунёд карда шуд.

Июль 16, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст