Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Ин Юн мулоқот намуданд

Август 21, 2023 10:12

ДУШАНБЕ, 21.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 август дар доираи сафари расмӣ ба  Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин  барои истиқболу меҳмоннавозии самимии анъанавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки муколамаи доимии дӯстона ва боэътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омили муҳимми таҳкими шарикии стратегӣ  маҳсуб ёфта, маҷмӯи санадҳои байнидавлатии  зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имзошуда ба рушди минбаъдаи  ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин равона гардидааст.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, ки ҷавобгӯи ҳадаф ва принсипҳои шарикии стратегӣ мебошад, таваҷҷуҳи доимӣ дода мешавад.

Дар мулоқот ба густариши ҳамкориҳо дар сатҳи пойтахтҳо аз рӯи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки Пекин имрӯзҳо бо шоҳкориҳои меъморӣ, асарҳои санъат ва ёдгориҳои таърихии худ шумораи зиёди сайёҳонро аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ҷалб кардааст. Пекини муосир бо инфрасохтори рушдкарда ҳамчун маркази сиёсӣ, таълимӣ ва фарҳангии Чин ба меҳвари баргузории чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ ва фарҳангиву оммавӣ табдил ёфтааст.

Тавре таъкид гардид  иқтисодиёти Пекин бо суръати баланд рушд ёфта,  симои он мунтазам дигаргун мешавад, ки муаррифгари меҳнати созанда ва дастовардҳои мардуми Чин  мебошад.

Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои истеҳсолӣ ва рушди сайёҳӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.

Душанбе ба ҳайси бародаршаҳри шаҳрҳои Урумчи, Сямен, Чиндао, Хайнан ва шарики шаҳри Чэнду ҷиҳати таҳкими муносибатҳои бародаршаҳрӣ, робитаҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Чин корҳои назаррас анҷом медиҳад.

Ҳамчунин, изҳори боварӣ карда шуд, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо шаҳри Пекин барои боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои мутақобилаи байни пойтахтҳо, тавсеа ва таҳкими робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ такони тоза мебахшад.

Дар ҳошияи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.

Август 21, 2023 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид