БА ИСТИҚБОЛИ 32 -СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳоти Сурхи Исфара нуқтаи ҷарроҳӣ ва эҳё ба истифода дода шуд

Август 28, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сурхи шаҳри Исфара нуқтаи эҳё ва ҷарроҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара доир ба рушди соҳаи тиб ва фароҳамсозии шароити замонавии корӣ барои табибон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Таъкид гардид, ки рӯзҳои наздик чунин иншооти муосири тиббӣ дар дигар ҷамоатҳо низ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар натиҷа барои фаъолияти табибон шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Бинои табобатӣ бо сифати баланд дар муддати кӯтоҳ бунёд гардида,  дорои 8 кати беморӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ таъмин шудааст.

Кормандони соҳа дар бинои замонавӣ ба эҳтиёҷмандони ҷамоат аз рӯи ҳама намуди ҷарроҳӣ ёрии аввалин ва хизмати тиббӣ мерасонанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд