БА ИСТИҚБОЛИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар маркази ноҳияи Муъминобод сохтмони бинои Коллеҷи тиббӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод сохтмон ва навсозии иншооти муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, сангфарш ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» — и ноҳия Давлатмурод Мирзоев изҳор дошт, омодагиҳо ба ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, алҳол сохтмони бинои Коллеҷи тиббӣ дар маркази ноҳия идома дорад. Бино аз се ошёна иборат буда, аллакай корҳои рангу бори деворҳои берунӣ ба итмом расидааст. Инчунин дар деҳаи Шулдуқ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 240 ҷойи нишаст, сохтмони МТМУ №12 – и деҳаи Деҳибаланд барои 360 хонанда дар як баст ва бинои Маркази ҷавонон дар маркази ноҳия сохта шуда, дар назар аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гиранд.
Ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳи Муъминобод – Ғеш – Чилдухтарон ба масофаи 8 километру 200 метр ва роҳи деҳаи Ҳанатарош ба масофаи 2 км пурра асфалтпӯш гардидааст.
Чунин ободкорию созандагӣ дар арафаи 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи томактабии №1-и ноҳия низ ба мушоҳида мерасад. Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии директори он Оламбӣ Латифова кӯдакистон ба макони зебо табдил ёфтааст. Ҳар нафаре, ки ба ин даргоҳи илм ворид мешавад, бо дидани гулҳои рангоранги назди ҳавлии муассиса дар ҳайрат мемонад. Боғча дорои мизу курсиҳои замонавӣ буда, девори синфхонаҳои он бо нақшу нигори зебои кӯдакона оро дода шудааст. Муассиса пурра таъмир гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.
Тибқи маълумот, ҳоло дар кӯдакистон 7 гурӯҳи кӯдакон бо теъдоди 160 нафар ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 8 мураббияи соҳибтахассус таълим медиҳанд.
«Кормандони Муассисаи томактабии №1-и ноҳияи Муъминобод дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд»,- гуфт мудири кӯдакистон Оламбӣ Латифова.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод











ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






