Дар Боғи Ирами Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Истаравшан доир гардид

Август 7, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  6 август дар доираи  нақшаи чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Истаравшан баргузор карда шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳия ба сокинону меҳмонони пойтахт картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, себ, ангур, шафтолу, зардолу, харбуза, тарбуз,  гӯшти гов, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳод гардиданд.

Ногуфта намонад, ки шаҳри Истаравшан дар баробари намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бегоҳӣ аз соати 17:00 то 20:00 намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғи мазкур баргузор намуд.

Тазаккур  бояд дод,  ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

 

Август 7, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз зебоиҳо ва ободкориҳо дар қалби Тоҷикистон — шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Суратгузориши АМИТ «Ховар»
СУРАТГУЗОРИШ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон писанди иштирокдорон ва меҳмонони Намоишгоҳи «Gulfood 2025» гардид
СУРАТГУЗОРИШ. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо мавзеи обанбори НБО –и «Роғун» шинос шуданд
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷашни Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи авиатсияи тоҷик дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
САЁҲАТИ ТОҶИКИСТОН — ҲАДАФИ МО! Суратгузориши АМИТ «Ховар» доир ба таассуроти меҳмони хориҷӣ пас аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби мамлакат
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Суратгузориш аз иқдоми вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ манзур мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ МУОСИР. Суратгузориш аз зебогиҳои пойтахти Тоҷикистон