Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид

Август 25, 2023 13:00

ДУШАНБЕ, 25.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид, ки ҳадафи он ҷалби донорҳо ва шарикони рушд ҷиҳати мусоидат ба раванди ислоҳоти соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муаррифии Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва тавсеаи шуғли пурмаҳсул барои сокинони ҷумҳурӣ, инчунин фароҳам овардани имконият барои гузаронидани таҳқиқоти равандҳои танзими муҳоҷират мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рақамикунонии босуръати иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва инфрасохтори мамлакат ва хизматрасонии рақамӣ дар доираи шуғли аҳолӣ, рушди ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.

Дар ин самт соли дуюм аст, ки Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият дошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ ҳамкории бисёрҷонибаро бо шарикони рушд амалӣ менамояд.

Дар ҷаласа тазаккур дода шуд, ки Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 якҷо бо нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 июни соли 2023 қабул гардида, мақсад, вазифаҳо, таҳлили вазъи кунунӣ, мушкилот, нишондиҳандаҳо ва механизмҳои амалисозии сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Дар кори ҷаласа роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони шарикони рушд, донорҳо, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони сафоратҳо, коршиносон ва масъулини ташкилоти чамъиятӣ дар соҳаи муҳоҷират иштирок намуданд.

Аз ҷониби вазорат Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират то соли 2040 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 муаррифӣ ва лоиҳаи барномаи рақамикунонии «Системаи ягонаи иҷозатдиҳии Хадамоти муҳоҷират» рӯнамоӣ гардид.

Зимни ҷаласа самтҳои нав ва нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ пешниҳод шуда, иштирокчиён, аз ҷумла шарикони рушд доир ба амалӣ гардидани онҳо ибрози назар намуданд.

Ҳамзамон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва рушди минбаъдаи соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсили ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон пешниҳоду тавсияҳои судманд пешкаш гардиданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Август 25, 2023 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад