Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
ДУШАНБЕ, 01.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад.
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ ҳангоми баргузории санҷишҳо 419 ҳолати қонуншиканӣ марбут ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад. Соли гузашта дар ин давра 416 ҳолати вайрон намудани қонуни танзим аз сӯи шаҳрвандон сабт шуда буд. Аз шумораи умумии қонуншиканиҳо дар самти риояи накардани қонуни танзими анъана 61 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 116 ҳолат дар Суғд, 142 ҳолат дар Хатлон, 52 ҳолат дар Бадахшон ва 85 ҳолат дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ошкор гардидаанд.
Сулаймон Давлатзода афзуд, ки дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷараёни баргузории 12 ҳазору 475 маърака санҷида шудааст, ки аз он қариб се ҳазор ба шаҳри Душанбе, ду ҳазор ба вилояти Суғд, 3 ҳазору 741-то ба Хатлон, 52 санҷиш ба Бадахшон ва 3 ҳазору 797 санҷиш ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.
Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 сол муқаддам- 8 июни соли 2007 қабул гардида, ҳадафи он ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, ба шумор меравад. Самти дигари қонун ҳамзамон ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона гардидааст.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки соли равон бо мақсади дастгирии ниёзмандон дар ҷомеа ҳамзамон хатнасури хайриявии 1079 тифл ва тӯйи домодию арӯсии 165 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд тариқи дастҷамъона гузаронида шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






