Дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе қуттиҳои тӯрии партов гузошта шуд

Август 20, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 54, 92 ва 8 вобаста ба супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қуттиҳои тӯрии партов барои ҷамъоварии маводи пластикӣ гузошта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе.

Ҳадаф аз амалӣ намудани чунин ташаббус- ин тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ҷамъоварию мавриди коркард қарор додани маводи пластикӣ мебошад. Зеро солҳои охир истифодаи маводи пластикӣ рӯ ба афзоиш оварда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.

Бо коҳиш додани маводи пластикӣ ҳифзи муҳити зист таъмин мегардад, зеро он ба манбаъҳои обӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Олимон исбот намудаанд, ки таҷзияи партовҳои пластикӣ дар табиат 180-200 солро дар бар мегирад.

АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Август 20, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид