Давоми ду рӯз тақрибан 500 нафар аҳолӣ аз пайомади таъсири тӯфони регӣ дар ҷанубу шарқи Эрон зарар диданд
ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 48 соати охир 488 нафар дар натиҷаи тӯфони регӣ, ки музофоти Сиистон ва Балуҷистонро дар ҷанубу шарқи Эрон фаро гирифт, зарар диданд, иттилоъ медиҳад агентии ТАСС бо истинод ба агентии Tasnim.
Хадамоти ёрии таъҷилии маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки давоми ду рӯзи охир 488 нафар барои кумаки тиббӣ муроҷиат намуданд, ки 64 нафарашон таҳти назорати табибон қарор доранд.
Илова бар ин, як нафар дар беморхона, ки ӯро пас аз ҳодисаи марбут ба бад шудани биниши уфуқияш ба ин ҷо расониданд, фавтид.
Хадамоти ёрии таъҷилӣ ба шахсони шомили гурӯҳи хатар тавсия медиҳанд, ки ҳангоми ба берун баромадан аз ниқобҳои нафаскашӣ истифода баранд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






