«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар шаҳри Бӯстон даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид
СУҒД, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 август дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон»-и вилояти Суғд даври сеюми (вилоятии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд хабар доданд.
Зимни маросими ифтитоҳи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иброз дошт, ки даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҷмуан бо иштироки 67 ҳазору 473 нафар довталаб дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи хуб баргузор гардид. Аз ин шумора 60 ҳазору 713 нафарро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 1675 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 3188 нафарро омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва 1897 нафарро намояндагони касбу кори гуногун ташкил доданд.
Аз шумораи умумии иштирокчиёни даври аввал 19 042 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд, ки аз инҳо 16186 нафарро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 479 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 1531 нафарро омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, 940 нафарро намояндагони касбу кори гуногун ташкил медиҳанд.
Даври дуюми озмун маҷмуан бо иштироки 10 860 нафар довталаб дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи хуб баргузор гардид. Аз шумораи ин шумора 9276 нафарро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 410 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 772 нафарро омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва 402 нафарро намояндагони касбу кори гуногун ташкил доданд.
Аз шумораи умумии иштирокчиёни даври дуюм 1146 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд, ки аз инҳо 836 нафарро хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 79 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 162 нафарро омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, 69 нафарро намояндагони касбу кори гуногун ташкил медиҳанд.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода барои таъмини шаффофият ва дар сатҳи баланд баргузор намудани даври сеюми озмун ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, ба иштирокчиён муваффақият таманно намуд.
АКС: Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






