ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ: Олимон аз гармшавии якбораи уқёнуси ҷаҳонӣ нигарон ҳастанд
ДУШАНБЕ, 06.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Хабарҳо дар бораи он ки моҳи июли соли 2023 гармтарин дар таърих шуд, на олимон, балки ҷомеаро ба ташвиш овард. Қаъри баҳр қариб ҳар рӯз хабари ташвишоваре берун менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба BBC хабар додааст.
Ду сабаби ғайримуқаррарӣ будани моҳи июл маълум аст: гармшавии глобалӣ аз тарафи инсон ва зиёд шудани иқтидори тундбоди Ал – Нино, як падидаи гармшавӣ дар сатҳи уқёнуси Ором.
Аммо ду мушоҳидаи моҳи июл олимонро ба ташвиш меорад, зеро онҳо ба таври имконпазир ба суръати гармшавӣ ишора мекунанд ва пешгӯиҳои ҳозира, яъне мувофиқати нақшаҳои эълоншуда барои сабук кардани сабабҳо ва оқибатҳои офатҳои табииро зери шубҳа мегузоранд.
Тибқи маълумоти NASA, тамоми даҳсолаи охир ҳарорати об дар тӯли 200 сол рекордӣ буд ва соли 2022 дар таърихи тамоми мушоҳидаҳо гармтарин буд.
Барои он ки гармшавӣ боз дошта шавад, ҷаҳон ба мувофиқа расид, ки партовҳои газҳои гулхонаиро коҳиш диҳад. Аммо ҳатто агар онҳоро фавран безарар гардонед ҳам, он чизе, ки дар атмосфера ҷамъ шудааст, кифоя аст, ки оқибатҳояш дар тӯли якчанд садсолаҳо эҳсос шавад, пеш аз ҳама, ин ба ҳарорат ва сатҳи уқёнус, инчунин майдони қабати ях дахл дорад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






