KOREA INTERNATIONAL TOURIZM SHOW 2023. Зарфият ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ муаррифӣ шуд

Август 11, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 11.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Коянги Ҷумҳурии Корея Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Korea International Tourizm Show 2023 баргузор гардид, ки дар он кормандони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти КВД «Маркази иттилоотӣ ва хизматрасонии сай​ёҳӣ» ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

​Дар ҷараёни баргузории намоишгоҳи мазкур байни ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои иштироккунанда, аз ҷумла Узбекистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Федеративии Нигерия, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка, Индонезия ва дигар давлатҳо гуфтушинодҳо оид ба ҷалби сайёҳон ба мамлакат доир мешаванд.

​Бояд гуфт, ки иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат ва муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ дар чунин майдонҳои намоишии сатҳи ҷаҳонӣ ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ба ин васила рушд намудани соҳаи сайёҳии мамлакат мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 11, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид