НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» қабул гардид

Август 15, 2023 16:54

РОҒУН, 15.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Роғун  вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, мавзеъҳои Обанбори НБО-и Роғун, Гули Сурх, Дараи Луғур, Марғзор, Тагоб, Тали Оқсой, Кирбич, Қалъанак, Биёв, Яхдон, Зиратут, Дашти Кул, Қандаки кӯҳна, Ҷуруҷ,  Шаршара, Болои Тал, Ёнахш, Ғашён, Маҷмаи “Нақб”    маконҳои сайёҳӣ ҳисобида мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бо мақсади баланд бардоштани рушди соҳаи сайёҳӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022 «Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун» ба тасвиб расида, дар заминаи он «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023  тасдиқ гардидааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои нақшавии буҷаи давлатӣ ва иловагӣ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ, навсозӣ ва тармими якчанд иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии 3,7 миллион сомониро  дар бар мегирад. Аз маблағи мазкур 750,0 ҳазор сомонӣ барои  идомаи «Сохтмони маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ»,  720,7 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои ҳудуди шаҳр, 300 ҳазор сомонӣ барои навсозии боми боғчаи №1 «Парасту», сохтмони муассисаи томактабӣ барои 34 ҷой дар Ҷамоати деҳоти Қади Об, 220,0 ҳазор сомонӣ барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Қади Об, 500,0 ҳазор сомонӣ барои таъмири ҷории бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Роғун ва 411,0 ҳазор сомонӣ барои дигар соҳаҳои шаҳр пешбинӣ шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои нақшавӣ ва иловагии буҷети давлатӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба маблағи 855,5 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд. Инчунин аз ҳисоби соҳибкорон дар шашмоҳаи аввали соли 2023  сохтмони мактаб дар деҳаи Сесанга ба маблағи 700,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони 2 нуқтаи савдо дар кӯчаи Сохтмончиён ба маблағи 500,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони чойхона ва китобхона, воқеъ дар деҳаи Ҷавонӣ ба маблағи 540,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони пул бо дарозии 75 метр дар деҳаи Саидон, бунёди ҳавзи моҳипарварӣ дар деҳаи Саидон ба маблағи 45,0 ҳазор сомонӣ, фермаи чорвопарварӣ дар деҳаи Сичароғ ба маблағи 345,0 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Роғун  44 ҷиноят  ба қайд гирифта шуда, ошкоршавии он 75 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба  соли 2022  9 ҳолат зиёд мебошад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 15, 2023 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид