Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Ханҷоу аз Осорхонаи Бозиҳои Осиё дидан намуданд

Август 23, 2023 12:03

ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 август дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Ханҷоу Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Осорхонаи Бозиҳои Осиё боздид ба амал оварданд.

Осорхона дар ҳудуди маркази варзишии Олимпии шаҳри Ханҷоу дар масоҳати 5700 метри мураббаъ ҷойгир буда, роҳи тайкардаи Ханҷоуро дар ҷараёни корҳои омодагӣ ба Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё дар сиғаи интерактивӣ намоиш медиҳад.

Бояд гуфт, ки Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд.

Дар ин Бозиҳо барои дарёфти 474 маҷмуи медалҳо аз рӯи 61 намуди варзиш, ки 45-тои онҳо намудҳои варзиши олимпӣ мебошанд, мусобиқот гузаронида мешаванд.

Август 23, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид