Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ намуданд

Август 16, 2023 06:51

ДУШАНБЕ,  16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Марказ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар масоҳати 816 метри мураббаъ сохта шудааст.

Корҳои сохтмониро кормандону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Истиқлол” дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд анҷом додаанд.

Дар марказ 7 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ва кордон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шудаанд, ки дар амалисозии барномаҳои нави таълимӣ саҳми босазо мегузоранд.

Марказ дорои шароити муосир буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 144 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 4 маҳфил амал менамояд, ки аз 16 гурӯҳи таълимӣ иборат мебошад.

Мувофиқи лоиҳа, дар бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон 8 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардида, кӯдакону наврасон ба маҳфилҳои гуногун ҷалб мегарданд.

Бинои марказ аз маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи компютерӣ, рассомӣ, дӯзандагӣ, пухтупаз ва меҳнат иборат буда,  дар он омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар китобхонаи марказ 500 номгӯй китоби гуногуни бадеию таълимӣ мавҷуд аст. Раванди таълим дар маркази навбунёд бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба роҳ монда мешавад.

Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия бо системаи гармидиҳӣ, камераҳои назоратӣ ва дигар техникаи муосири маишӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки бунёди Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи дурдасти Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аҳамияти хосса дошта, ба таҳким бахшидани қобилият ва инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон заминаи мусоид мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон масъулонро барои ҳарчи бештар ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб намудани кӯдакону наврасон, ташкили маҳфилҳо, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд.
Ифтитоҳи бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Ванҷ 16.08.2023

Август 16, 2023 06:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд