«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе зиёд ва ба фурудгоҳи Жуковскийи Москва барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе — Москва (фурудгоҳи Жуковский) – Душанбе шуруъ аз 15 август барқарор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Парвозҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба фурудгоҳи Жуковский ҳафтае як маротиба- рӯзҳои сешанбе ва аз Жуковский ба Душанбе рӯзҳои чоршанбе иҷро мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 22:20, аз фурудгоҳи Жуковский 02:00 (шаби чоршанбе) ба вақти маҳаллӣ мебошад. Интизор меравад, ки ояндаи наздик парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба ба роҳ монда шаванд.
Инчунин ширкати ҳавопаймоӣ шумораи парвозҳоро аз Душанбе ба Алмато ва аз Хуҷанд ба фурудгоҳи Домодедовои Москва афзоиш медиҳад.
Аз 17 август парвозҳо аз Хуҷанд ба Домодедово ва бозгашт ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Аз 19 август парвозҳо дар масири Душанбе – Алмато – Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом меёбанд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 12:00, аз Алмато соати 16:00 муқаррар шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид






