Тӯфони «Ханун» ин ҳафта ба Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 08.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тӯфони «Ханун» бо вазидани боди сахт ин ҳафта ба ҷанубу ғарби Ҷопон наздик мешавад. Агентии обуҳавошиносии мамлакат субҳи имрӯз аллакай ҳушдор додааст, ки тӯфон на танҳо борони шадид ҳамроҳ меорад, балки метавонад боиси ярч ва обхезиҳо гардад, иттилоъ медиҳад «Казинформ» бо истинод ба Кyоdо.
Тибқи иттилои агентии обуҳавошиносии Ҷопон, пас аз оҳиста ҳаракат намудан дар атрофи префектураи ҷанубии Окинава тӯфон ба самти шарқ ҳаракат менамояд, ки зимнан, ҷазираи Амами-Осимаи префектураи Кагосима низ ба минтақаи тӯфонӣ ворид мешавад.
Агентии Yonhap иттилоъ медиҳад, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносони Кореяи Ҷанубӣ, рӯзи панҷшанбе тӯфон ба шимол ба соҳили ҷанубу шарқии нимҷазираи Корея равона хоҳад шуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






