ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, чоршанбе, 214-умин рӯзи соли 2023 аст

Август 2, 2023 08:00

2 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ ба муносибати 25-солагии таъсиси Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки десантчиёни тоҷик аз  неруҳои тавоноӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб мераванд.

***

2 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

2 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

***

2 августи соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оид ба натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои матбуот изҳорот дода, аз ҷумла иброз намуданд, ки «мо барои васеъ намудани муносибатҳои минбаъдаи давлатҳоямон дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот ва санъат изҳори андеша намудем ва ба қароре омадем, ки динамикаи мусбати афзоиши робитаҳоямонро дар ин соҳаҳо бо гомҳои амалӣ идома диҳем».

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази ҳамоишҳои Ҷакартаи Индонезия дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

2 АВГУСТ:

Дар Сербия – Рӯзи авиатсия.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кинои миллӣ.

***

Дар Македония – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

2 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Бригадаи ҳамлаовари десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

***

2 августи соли 2021 бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъйин гардид.

***

2 августи соли  2006  дар деҳаи Лангари ҷамоати Зонги Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сарҳади байнидавлатии Тоҷикистон ва Афғонистон бозори наздисарҳадӣ барои хариду фурӯши маҳсулоти дуҷониба ифтитоҳ гардид.

***

2 августи соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар он 64 варзишгар аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Англия, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Шри-Ланка, ИМА, Олмон ва Исроил иштирок доштанд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

 Абдулхайр Қосимов –соли 1907- ҳунарпешаи театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Август 2, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш