ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, якшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2023 аст

Август 20, 2023 08:00

20 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд.

***

20 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «60 — солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонида шуданд.

 ***

20 августи соли 2013 дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.

***

20 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид.

***

20 августи соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи серӯзаи Шурои байнидавлатӣ оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш табрику таҳният гуфтанд.

***

20 августи соли 2016 дар варзишгоҳи «Авиатор» — и шаҳри Душанбе дар байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» бозии чорякфиналии Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид.

***

20 августи соли 2020  сафари кории Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид.

***

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

Дар ҳамин рӯзи соли 2021 Чин ва Тоҷикистон дар дараи Ромит силоҳи навтаринро озмуданд.

20 АВГУСТ:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.

***

Дар Эстония – Рӯзи бозгашт ба истиқлолият.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Мирзошоҳрух Асрорӣ — соли 1953, филолог-шарқшинос, рӯзноманигор-сиёсатшинос, ходими давлатӣ.

Август 20, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш