ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, душанбе, 240-умин рӯзи соли 2023 аст

Август 28, 2023 08:00

28 августи соли 1992 байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон муносибати дипломатӣ барқарор гардид.

***

28 августи соли 2008 байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати чинии «Yunnan Phosphate Chemical Group Co., LTD» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ  ба имзо расид.

***

28 августи соли 2009 минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» таъсис дода шуданд.

***

28 августи соли 2012 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, яке аз қуллаҳои баланди бе номи қаторкӯҳи Помир, ки аз ҷониби 75 нафар кӯҳнавардон аз 17 кишвари ҷаҳон фатҳ гардидааст, «20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном гузошта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 24-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардониданд.

***

28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.

***

28 августи соли 2020 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

***

28 августи соли 2022  дар ноҳияи Данғара  Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро ифтитоҳ гардид.

28 АВГУСТ:

Дар Гонконг  —  Рӯзи озодкунӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Мансур Бобохонов- соли 1931, — муаррих, доктори илмҳои таърих (1976), профессор (1978), узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, узви пайвастаи Академияи байналмилалии илмии мактабҳои олӣ (1995), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Август 28, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, шанбе, 258-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, ҷумъа, 257-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, панҷшанбе, 256-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, чоршанбе, 255-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, сешанбе, 254-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, душанбе, 253-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, якшанбе, 252-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, шанбе, 251-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, панҷшанбе, 249-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, сешанбе, 247-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, душанбе, 246-умин рӯзи соли 2024 аст